LIVE

Бэйл: “Роналду беҳтарин бозигар дар таърихи Лигаи Чемпионҳо аст”

Собиқ  ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид”  Гарет Бейл ба саволи беҳтарин бозигар дар таърихи Лигаи Чемпионҳо  посух дод.

"Беҳтарин бозигар дар таърихи Лигаи Чемпионҳо? Ман бо итминон гуфта метавонам, ки ин Роналду аст” - иқтибос меорад Marca аз суханони ҳамлагари уэлсӣ.

Ёдовар мешавем, ки Роналду беҳтарин нишонзан дар таърихи мусобиқоти асосии бошгоҳҳои Аврупо мебошад. Дар 183 бозии Лигаи Чемпионҳо ҳамлагари португалӣ 140 гол задааст. Наздиктарин довталаби Роналду ҳамлагари собиқи “Барселона” ва “ПСЖ”  Лионел Месси мебошад, ки дар 163 бозӣ 129 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив