Карим Бензема дар бораи ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду баъди ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” изҳори назар кард. "Бо ӯ бозӣ кардан бароям шараф аст, вай беҳтарин бозигар аст. Рӯзе, ки ӯ рафт, майли беҳтар шуданам пайдо шуд. Ман ҳавасмандӣ дорам, ки дар майдон бештар кор кунам», - иқтибос меорад суханони Бензема. Худи Роналду дар овоздиҳӣ барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар ҷои 20-ум қарор гирифт. Ҳамлагари португалӣ барандаи панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” аст. Ёдовар мешавем, ки Бензема пас аз Зинедин Зидан аввалин фаронсавӣ шуд, ки ин ҷоизаи фахриро соҳиб шуд. Бензема дар мавсими гузашта дар 32 бозии Ла Лига 27 гол задааст ва 12 партофти головар кардааст. Ҳамлагар инчунин дар 12 бозии Лигаи Чемпионҳо 15 гол ва 2 ассист дорад.
