LIVE

L'Equipe : “Реал Мадрид” имрӯз расман дар бораи интиқоли Килиан Мбаппе хабар медиҳад

Бошгоҳи шоҳонаи  «Реал Мадрид»  имрӯз аз гузариши расмии ҳамлагари «ПСЖ» Килиан  Мбаппе ба ҳайати даста хабар медиҳад. Дар ин бора нашрияи  L'Equipe иттилоъ додааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан маълумоте пайдо шуда буд, ки Мбаппе аллакай бозигари «Реал Мадрид» шудааст. Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо аз рӯи тамоми шартҳо ба мувофиқа расида, қарордоди ҳамкорӣ  ба имзо расониданд. Худи футболбоз эълон кард, ки аз “ПСЖ” меравад.

Дар мавсими имсола  Килиан Мбаппе дар  48 бозӣ дар ҳайати “ПСЖ” 44 гол зада, 10  ирсоли головар анҷом додааст.  Портали бонуфузи Transfermarkt арзиши бозории форварди фаронсавиро  180 миллион евро арзёбӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив