LIVE

Килиан Мбаппе дар Мадрид манзил ҷустуҷӯ дорад

Ҳамлагари “ПСЖ” - Килиан Мбаппе ба ҷустуҷӯи манзил дар Мадрид шурӯъ кардааст, хабар медиҳад Goal. Нишонзан дар бораи имконоти идомаи фаъолияти худ дар Испания фикр мекунад ё маблағҳои худро сафара кардан мехоҳад, маълум нест. Футболбоз ба наздикони худ дастур додааст, ки дар шаҳри Мадрид як манзили муносиб барояш пайдо кунанд. Ҷустуҷӯи ҷои зист шаодати он нест, ки ҳамлагари мунтахаби Фаронса ба “Реал Мадрид” мегузарад, балки вай танҳо мехоҳад пули худро бо харидани амвол дар Испания сармоягузорӣ кунад.
Дар мавсими ҷорӣ Мбаппе дар тамоми мусобиқаҳо дар 40 вохӯрии ПСЖ ширкат варзид, ки дар он 33 гол зада, 10 партофти головар намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив