LIVE

“Реал” барои пирӯзии Беллингем дар ЛЧ ба “Боруссия”-и Дортмунд 4,5 миллион евро пардохт мекунад

Бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» барои пирӯзӣ дар финали Лигаи Чемпионҳо бояд ба собиқ дастаи Ҷуд Беллингем   -  «Боруссия»-и Дортмунд  4,5 миллион евро пардохт кунад.

Рӯзи 1-уми  июн дастаи шаҳри  Мадрид дар бозии ниҳоӣ бар тими шаҳри Дортмунд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба навиштаи Bild, “Реал Мадрид”  бояд акнун  4,5 миллион евро пардохт кунад. Чунин банд дар шартномаи интиқоли нимҳимоятгари англис пешбинӣ шудааст.

Қаблан "Боруссия" барои пирӯзии Беллингем дар чемпионати Испания аллакай тақрибан 5 миллион евро гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив