«Реал Мадрид» ба футболбози «Боруссия»-и Дортмунд Ҷуд Беллингэм мароқ зоҳир намудааст, хабар медиҳад Cadena SER.
Ба иттилои манбаъ, клуби шоҳона омодааст, ки тобистони оянда барои ин бозигар 90 миллион евро пардохт кунад. Маблағи трансфер метавонад аз 100 миллион зиёд бошад, зеро "Ливерпул" ва "Челси" ҳам ба нимҳимоятгар таваҷҷуҳ доранд.
Беллингэми 19-сола дар мавсими гузашта дар ҳайати “Боруссия Дортмунд” 43 бозӣ анҷом дода, 6 гол ва 14 партофти головар кардааст. Шартномаи ӯ бо клуб то тобистони соли 2025 амал мекунад.
