LIVE

Беллингем дар «Реал» аз Роналду пеш гузашт

Нимҳимоягари англиси «Реал»-и Мадрид Ҷуд Беллингем нахустин бозигари тими испанӣ гардид, ки дар 15 бозии аввали хеш ба задани 14 гол даст ёфтааст.
Пештар нишондоди рекордӣ ба собиқ бозигари  «лос бланкос» Криштиану Роналдуи португалӣ ва бозигари аргентинӣ Алфредо Ди Стефано тааллуқ дошт, ки дар 15 бозии нахуст дар сафи «Реал»-и Мадрид 13 гол ба самар расонида буданд.
Беллингем ба сафи «гаразмониҳо» тобистони имсол аз  «Боруссия»-и Дортмунд пайваста, ба иттилоъи сомонаи Transfermarkt бозигар 103 млн евро арзиш дорад. Мавсими ҷорӣ бозигари англис дар сафи «Реал» дар  15 бозии ҳамаи мусобиқаҳо 14 голу се партофти голӣ ба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив