Бозии даври ниманиҳоии Лигаи конференсияҳо миёни тимҳои «Олимпиакос» ва «Астон Вилла» бо ҳисоби 2:0 (ҳисоби умумӣ 6:2) ба нафъи дастаи юнонӣ хотима ёфт. Ҳамин тариқ «Олимпиакос» дар бозии финалии Лигаи конференсияҳо муқобили «Фиорентина» бозӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки финали ин мусобиқа рӯзи 29-уми май дар варзишгоҳи «Айя-София»и шаҳри Афинаи Юнон доир мешавад.