LIVE

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/4 ниҳоии Лигаи конференсияҳо

Дирӯз, 15-уми март дар шаҳри Нйони Швейтсария маросими қуръакашии марҳилаҳои 1/4 ва 1/2 ниҳоии Лигаи конференсияҳо дар мавсими 2023/24 баргузор шуд.
Пас аз натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои “Брюгге” бо “ПАОК”, “Олимпиакос” бо “Фенербахче”, “Астон Вилла” бо “Лилл” ва “Виктория Плзен” бо “Фиорентина” бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 11-уми апрел ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 18-уми   апрел баргузор мешаванд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ рӯзҳои   2-юми май ва бозиҳои ҷавобии нимфинал рӯзҳои 9 –уми май баргузор мешаванд.
Бозии ниҳоии Лигаи конференсияҳо дар соли 2024, 30-юми май дар варзишгоҳи “Айя София”-и шаҳри Афинаи Юнон баргузор мешавад. Қаҳрамони қаблии мусобиқа дастаи “Вест Хэм” маҳсуб мешавад.

 «Брюгге» 🆚  ПАОК 
«Олимпиакос» 🆚  «Фенербахче»
«Астон Вилла» 🆚 «Лилл»
«Виктория» Плзен 🆚 «Фиорентина»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив