LIVE

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ¼-ниҳоии Лигаи Аврупо

Имрӯз, 15-уми март дар шаҳри Нйони Швейтсария маросими қуръакашии марҳилаҳои 1/4 ва 1/2 ниҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими 2023/24 баргузор шуд.
Пас аз натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои “Милан” бо “Рома”, “Ливерпул” бо “Аталанта”, “Байер” бо “Вест Хэм” ва “Бенфика” бо “Марсел” бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 11-уми апрел ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 18-уми   апрел баргузор мешаванд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ рӯзҳои   2-юми май ва бозиҳои ҷавобии нимфинал рӯзҳои 9 –уми май баргузор мешаванд.
Бозии ниҳоии Лигаи Аврупо дар соли 2024, 22-юми май дар варзишгоҳи “Авива”-и шаҳри Дублин баргузор мешавад. Қаҳрамони қаблии мусобиқа дастаи “Севиля” маҳсуб мешавад.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ¼-ниҳоии Лигаи Аврупо:
«Милан» (Италия) – «Рома» (Италия)
«Ливерпул» (Англия) - «Аталанта» (Италия)
«Байер» (Олмон) - «Вест Хэм» (Англия)
«Бенфика» (Португалия) - «Марсел» (Фаронса)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив