LIVE

Натиҷаи ҳамаи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи конференсияҳо

Бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи конференсияҳо анҷом ёфтанд.
«Юнион»-и белгиявӣ бо ҳисоби минималӣ бар «Фенербахче»-и Туркия пирӯз шуд, вале ин баҳри баромадан ба даври 1/4 ниҳоии мусобиқа басандагӣ накард. Голи ягонаи бозиро нимҳимоягар Матиас Расмуссен ба самар расонид.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
14-уми марти соли 2024, панҷшанбе. 22:45 ДШБ
Фенербахче (Туркия) 0 : 1 Юнион (Белгия)
0:1 Расмуссен – 68'    
«Фиорентина» бо «Маккаби» аз Хайфа мусовӣ кард ва ба даври чорякниҳоии Лигаи конференсияҳо роҳ ёфт. Дар сафи «бунафшарангҳо»  Антонин Барак голзанӣ карда, аз ҳайати исроилиён Анан Халаили ба задани гол даст ёфт.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
14-уми марти соли 2024, панҷшанбе. 22:45 ДШБ
Фиорентина (Италия) 1 : 1 Маккаби Хайфа (Исроил)
1:0 Барак – 59'     1:1 Халаили – 88'    
ПАОК аз «Динамо»-и Загреб тавонист камбудии дуголаро баъди бозии аввал бекор кунад ва ба даври дигарӣ рафт. Дар ҳайати мизбонон Абдул-Раҳмон Бобо, Брэндон, Константинос Кулйеракис ва Андрия Живкович аз зарбаи 11-метра ба задани гол даст ёфтанд. Ғайр аз ин, голро ба дарвозаи худӣ бозигари «Динамо» Петар Сучич равон кард. Дар ҳайати меҳмонон нимҳимоягар Арбер Хоҷа ба задани гол даст ёфт.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
14-уми марти соли 2024, панҷшанбе. 22:45 ДШБ
ПАОК (Юнон) 5 : 1 Динамо Загреб (Хорватия)
1:0 Бобо – 27'     2:0 Сучич – 33'     3:0 Брендон – 42'     3:1 Хоҷа – 49'     4:1 Кулйеракис – 72'     5:1 Живкович – 88'    
Дар бозии дигарӣ «Виктория Плзен»-и чехӣ  ва «Серветт»-и шветсарӣ ба ҳам омаданд. Дастаҳо ҳардӯи бозиҳои хешро бо ҳисоби якхелаи 0:0 анҷом доданд ва дастаи ғолиб вақти иҷроиши силсилазарбаҳои 11-метра муайян гардид. Дақиқтар дар ин силсила бозигарони «Виктория» баромаданд — 3:1.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
14-уми марти соли 2024, панҷшанбе. 22:45 ДШБ
Виктория Плзен (Чехия) 0 : 03 : 1 Серветт (Шветсария)
15-уми марти соли 2024, 03:41 ДШБ
«Брюгге» дар бозии ҷавобӣ «Молде»-ро шикаст дод ва тибқи натиҷаи ду бозӣ ба даври баъдии мусобиқа рафт. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал дастаи белгиявӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
15-уми марти соли 2024, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Брюгге (Белгия) 3 : 0 Молде (Норвегия)
1:0 Сков Олсен – 45+1'     2:0 Сков Олсен – 48'     3:0 Скурас – 70'    
«Астон Вилла» ба тими «Аякс» дар майдони хеш ягон имкон надода, ҳарифро бо ҳисоби 4:0 голборон кард. Бозии аввал миёни дастаҳо бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд.
Лигаи конференсиҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
15-уми марти соли 2024, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Астон Вилла (Англия) 4 : 0 Аякс  (Нидерланд)
1:0 Уоткинс – 25'     2:0 Бэйли – 60'     3:0 Дуран – 75'     4:0 Диаби – 81'    
Корит сурх:  Маннсверк – 66'
«Лилл» дар бозии ҷавобӣ бо  «Штурм» бо ҳисоби 1:1 мусовӣ намуд, вале ба шарофати пирӯзии бузург бо ҳисоби 3:0 дар бозии аввал ба марҳилаи чорякниҳоии Лигаи Лиги конференсияҳо роҳхат гирифт.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
15-уми марти соли 2024, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Лилл (Фаронса) 1 : 1 Штурм Грас (Австрия)
1:0 Сантос – 43'     1:1 Биерет – 45+1'    
«Олимпиакос» дар сафар бар «Маккаби» аз Тел Авив бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуд ва охирин иштирокчии Лигаи конференсияҳо гардид. Қобили қайд аст, ки дар бозии аввал дастаи юнонӣ бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда буд.
Лигаи конференсияҳо. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
15-уми марти соли 2024, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Маккаби Т-А (Исроил)  1 : 6 ВИ Олимпиакос (Юнон)
0:1 Поденсе – 10'     0:2 Фортунис – 36'     0:3 Ал-Каабӣ – 45+3'     1:3 Захави – 57'     1:4 Ал-Каабӣ – 65'     1:5 Йоветич – 93'     1:6 Ал-Арабӣ – 103'    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив