LIVE

Имрӯз бозиҳои Лигаи конференсияҳо оғоз мешаванд

Дар умум сароғози бозиҳои нахусти марҳилаи ҳазфӣ  62 даста ба рақобат мепардозанд. Бештар бозиҳо пагоҳ доир мешаванд. 
Имрӯз бо ду бозӣ марҳилаи ҳазфии Лигаи   конференсияҳо оғоз мешавад.
Соати 22:30 дар кишвари Люксембург  «Дюделанж»-и маҳаллӣ   «Сент-Патрикс»-ро аз Ирландия қабул мекунад. 
Соати 23:00 бошад тимҳои «Б-36 Торсхавн»   аз ҷазираҳои Фарер ва «Пайде»-и Эстония ба ҳам меоянд.  
Дастаи «Пайде» мавсими пешин дар доираи бозиҳои Лигаи  конференсияҳо дар марҳилаи сеюми ҳазфӣ аз «Андерлехт»-и Белгия шикаст хӯрда буд. Пеш аз он бошад «Арарат»-и Арманистон ва «Динамо Тифлис»-и Гурҷистонро мағлуб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив