LIVE

Мусобиқоти нави футболӣ дар Аврупо

Ба қавли Bild УЕФА номи сеюмин мусобиқоти  нави футболии аврупоиро эълон намуд,ки метавонад пас аз ду сол оғоз ёбад.  Ба қавли расонаи хабарии номбурда мусобиқоти нави бошгоҳии Аврупо оид ба футбол “Лигаи конференсияҳо” ном хоҳад гирифт. 
 Бино ба маълумоти ин сарчашмаи хабарӣ нахустин бозиҳои мусобиқоти мазкур метавонанд,ки аз мавсими солҳои 2021/22 шуруъ бигарданд. Лигаи конференсияҳо сеюмин мусобиқоти аврупоӣ пас аз Лигаи Қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо аз рӯи мақом дониста шуда, эҳтимол меравад,ки тартиби баргузории он ба Лигаи Қаҳрамонҳо монандӣ дошта бошад, ҷое,ки 32 дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ ҷудо карда мешаванд. Пешсафони гурӯҳҳо  бевосита ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Конференсияҳо роҳхат гирифта, дастаҳое,ки ҷойҳои  дуюмро мегиранд, баҳри баромадан ба марҳилаи плей-оффи ин мусобиқот бо дастаҳои сеюми квартетҳои Лигаи Аврупо  рақобат мекунанд. Ғолиби Лигаи конференсияҳо бошад ба мусобиқоти навбатии Лигаи Аврупо роҳ пайдо мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив