LIVE

Ҳамаи иштирокчиёни даври 1/4 ниҳоии Лигаи конференсияҳо маълум шуданд

Рӯзи панҷшанбе, 14-уми март бозиҳои ҷавобии марҳилаи    1/8 ниҳоии Лигаи конференсияҳои УЕФА дар мавсими-2023/2024 анҷом ёфтанд, ки тибқи натиҷаи он ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи чорякниҳоии мусобиқа маълум гардиданд.
Дар даври баъдии Лигаи конференсияҳо тимҳои юнонии «Олимпиакос» ва ПАОК, «Фиорентина» аз Италия,  «Лилл»-и фаронсавӣ,  «Астон Вилла»-и англисӣ,  «Виктория Плзен»-и чехӣ,  «Фенербахче» аз Туркия ва ҳамчунин  «Брюгге»-и белгиявӣ баромад мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дорандаи ҷоизаи қаҳрамонии Лигаи конференсияҳо дар мавсими қаблӣ  «Вест Хэм Юнайтед» мебошад. Дар рақобати финалӣ  англисҳо зидди  «Фиорентина» аз Италия зафар ёфтанд. Бозии финалии мавсими ҷории  Лигаи конференсияҳои УЕФА дар шаҳри юнонии Афина дар варзишгоҳи «Айя-София» доир мешавад.
Қобили қайд аст, ки аввалин дастаи ғолиб дар таърихи   Лигаи конференсияҳо «Рома» аз Италия мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив