LIVE

24 дастаҳои марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо маълум шуданд

Номи ҳамаи дастаҳое маълум гардид, ки дар марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо бозӣ мекунанд.
Аз миёни шумораи иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои ҳазфӣ тимҳои зерин роҳхат гирифтанд:
– гурӯҳи А: «Вест Хэм», «Фрайбург»;
– гурӯҳи В: «Брайтон», «Марсел»;
– гурӯҳи С: «Рейнҷерс», «Спарта» Прага;
– гурӯҳи D: «Аталанта», «Спортинг»;
– гурӯҳи E: «Ливерпул», «Тулуза»;
– гурӯҳи F: «Вилярреал», «Ренн»;
– гурӯҳи G: «Славия» Прага, «Рома»;
– гурӯҳи H: «Байер», «Қарабоғ».
«Олимпиакос», «Аякс», «Бетис», «Штурм», «Юнион», «Маккаби» Хайфа, «Серветт» ва «Молде» мақоми сеюмро ишғол карданд ва ба марҳилаи ҳазфии Лигаи конференсияҳо роҳ ёфтанд.
Аз Лигаи Чемпионҳо ба Лигаи Аврупо дастаҳои  «Галатасарой», «Ланс», «Брага», «Бенфика», «Фейеноорд», «Милан», «Янг Бойз» ва «Шахтер» раҳсипор шуданд.
Дастаҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо зинаи аввал гирифтаанд, роҳхати мустақими марҳилаи 1/8 ниҳоиро соҳиб шуданд. Дастаҳои зинаи дуюм бо он тимҳое бозӣ мекунанд, ки  аз Лигаи Чемпионҳо ба плей-офф роҳ ёфтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив