LIVE

Ҳамаи иштирокчиёни даври 1/4 ниҳоии Лигаи Аврупо маълум шуданд

Рӯзи панҷшанбе, 14-уми март бозиҳои ҷавобии марҳилаи   1/8 финалии Лигаи Аврупои УЕФА дар мавсими-2024/2025 анҷом ёфтанд, ки тибқи натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ маълум гардиданд.
Дар даври баъдии Лигаи Аврупо дастаи португалии «Бенфика», тимҳои итолиёвии «Милан», «Рома» ва «Аталанта», «Марсел»-и   фаронсавӣ, дастаҳои англисии «Вест Хэм Юнайтед» ва «Ливерпул» ва ҳамчунин «Байер»-и Леверкузен аз Олмон ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки дорандаи ҷоизаи Лигаи Аврупо дар мавсими қаблӣ «Севиля» мебошад. Дар бозии финалӣ испаниҳо «Рома»-и итолиявиро шикаст доданд. Бозии финалии мавсими ҷории Лигаи Аврупои УЕФА бошад дар шаҳри ирландии Дублин дар варзишгоҳи «Авива» доир мешавад.
«Севиля» ҳамчунин дастаи рекордгузор аз рӯи шумораи ҷоизаҳои Ҷоми УЕФА ё Лигаи Аврупо мебошад. Бошгоҳи испанӣ шаш маротиба ғолиби ин мусобиқа дониста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив