LIVE

Бозии рӯз: Финали Лигаи Аврупо миёни “Севиля” ва “Рома”

Дар бозии ҳалкунандаи Лигаи Аврупо дар мавсими 2022/2023 дастаҳои “Севиля”-и Испания ва “Рома”-и Италия вомехӯранд. Бозии финалии Лигаи Аврупо  дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри  Будапешти Маҷористон  баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:40 ба вақти Душанбе  оғоз мешавад.     
Ин вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Энтони Тейлор аз шаҳри Манчестер ҳакамӣ мекунанд.

Бошгоҳи испанӣ аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Аврупо пешсаф аст. Онҳо 6 маротиба  солҳои 2006, 2007, 2014, 2015, 2016, 2020 ғолиби ин мусобиқот шудаанд.  «Рома» соли 1991 ба бозии ҳалкунанда дар Ҷоми УЕФА баромад, вале аз «Интер» бо ҳисоби 1 бар 2  шикаст хӯрд. Дар мавсими гузашта, бошгоҳи  итолиёвӣ ғолиби Лигаи Конференсия шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив