LIVE

“Севиля” ва “Рома” ба финали Лигаи Аврупо баромаданд

Бозиҳои даври нимниҳоии Лигаи Аврупо  ба анҷом расиданд. Дастаҳои “Севиля” ва “Рома” ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дар бозиҳои даври нимниҳоӣ “Севиля” муқобили “Ювентус” аз ҳисоби бозии рафту баргашт (3:2) ва “Рома” муқобили “Байер” аз ҳисоби бозии рафту баргашт (1:0)  музаффарият ба даст оварданд.
Дастаи “Рома” дар мавсими гузашта, ғолиби Лигаи Конференсияҳо шуда буд ва ҳамакнун дар мавсими имсола бо Жозе Моуриню барои унвони қаҳрамонӣ дар Лигаи Аврупо талош меварзад.
“Севиля” пас аз шикаст додани дастаи “Манчестер Юнайтед” муқобили “Ювентус” ҳам зафар ёфт ва бори дигар ба ҷаҳониёни футбол собит сохт, ки дар Лигаи Аврупо беҳтарин аст.
Дастпарварони Жозе Моуринийо  нисбат ба дастаи “Севиля” муддаии асосии қаҳрамонӣ маҳсуб намешаванд. Чунки дастаи “Севиля” дар ин мусобиқа таҷрибаи ғанӣ дорад ва метавонад, ки ҳангомаҳо офарад.  
Ёдовар мешавем, ки  финали  Лигаи Аврупо   миёни дастаҳои «Севиля» ва  «Рома»  рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон  доир мегардад. Финали мусобиқаро ба таври мустақим телевизиони “Варзиш” манзури Шумо мегардонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив