LIVE

Чор дастаи марҳилаи чорякниҳоии Лигаи чемпионҳо маълум гардид

Рӯзи 7-уми март бозиҳои навбатии марҳилаи  1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА баргузор шуданд. Тибқи натиҷаи он боз ду дастаи дигаре маълум гардиданд, ки ба марҳилаи чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Ин тимҳои «Манчестер Сити»-и Англия ва «Реал»-и Мадрид аз Испания мебошанд.
«Манчестер Сити» тибқи натиҷаи ду бозӣ дастаи «Копенгаген»-ро (бо ҳисоби 3:1, 3:1) шикаст дод. «Реал» дар навбати худ ғолиби рақобатҳои зидди «РБ Лейпсиг» (1:0, 1:1) гардид.
Ҳамин тариқ, «Манчестер Сити» ва «Реал» ба сафи «Бавария» ва  «ПСЖ» ҳамроҳ шуданд, дастаҳое, ки аллакай роҳхати марҳилаи чорякниҳоии Лигаи чемпионҳоро барояшон таъмин намудаанд.
“Манчестер Сити” ғолиби феълии Лигаи чемпионҳо буда, дар финал дастаи  Хосеп Гвардиола бар «Интер» бо ҳисоби 1:0 зафар ёфта буд. Голи пирӯзиоварро Родри ба самар расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив