LIVE

250 голи «Манчестер Сити» дар 119 бозии Лигаи Чемпионҳо

«Манчестер Сити» дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо бо «Янг Бойз» (3:0) 250-умин голро дар доираи бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии аврупоӣ ба самар расонид. Барои расидан ба ин марҳила ба «шаҳриҳо» 119 бозӣ зарур омад — ин ҳам камтарин бозӣ аз дилхоҳ дастаи дигар аст.
Ғолиби феълии Лигаи чемпионҳо муқобили «Янг Бойз» рӯзи сешанбе, 6-уми ноябр ба майдон омад ва бо ҳисоби  3:0 пирӯзӣ ба даст овард. Тибқи натиҷаи чор бозии гурӯҳӣ шогирдони  Хосеп Гвардиола 12 хол ба даст оварда, пеш аз мӯҳлат ба марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо баромаданд.
Охири моҳи ноябр «Ман Сити» бо «Лейпсиг» дар бозии даври 5-ум бозӣ намуда, миёнаи моҳи декабр охирин бозии марҳилаи гурӯҳии хешро муқобили «Срвена Звезда»-и  сербӣ мегузаронад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив