Бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Лигаи конференсияҳо хотима ёфтанд, ки тибқи натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоии ин мусобиқа маълум гардиданд:
«Фиорентина» - «Брюгге»;
«Астон Вилла» — «Олимпиакос».
Лигаи конференсияҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум
03-юми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
Фиорентина (Италия) - Брюгге (Белгия)
Лигаи конференсияҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум
03-юми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
Астон Вилла (Англия) – Олимпиакос (Юнон)
«Фиорентина» бар «Виктория Плзен» бо ҳисоби 2:0 (ҳисоби умумӣ 2:0) пирӯз шуд. Дар ин рақобат Николас Гонсалес ва Кристиано Бираги ба задани гол даст ёфтанд.
Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
18-уми апрели соли 2024, панҷшанбе. 21:45 ДШБ
Фиорентина (Италия) 2 : 0 (вақти иловагӣ) Виктория Плзен (Чехия)
1:0 Гонсалес – 92' 2:0 Бираги – 108'
Корит сурх: Каду – 66'
«Астон Вилла» дар силсилазарбаҳои пеналтӣ «Лилл»-ро (2:1, пен. 3:4) шикаст дод. Дар ҳайати дастаи фаронсавӣ Юсуф Язиҷи ва Бенжамен Андре ба задани гол даст ёфтанд. Дар сафи «Астон Вилла» бошад Мэтти Кэш муаллифи гол шуд.
Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
18-уми апрели соли 2024, панҷшанбе. 21:45 ДШБ
Лилл (Фаронса) 2 : 13 : 4 Астон Вилла (Англия)
1:0 Язиҷи – 15' 2:0 Андре – 67' 2:1 Кэш – 87'
«Брюгге» зидди ПАОК бо ҳисоби 2:0 (ҳисоби умумӣ. 3:0) зӯр баромад. Дар сафи тими белгиявӣ Ферран Жутгла муаллифи ду гол шуд.
Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ
ПАОК (Юнон) 0 : 2 Брюгге (Белгия)
0:1 Жутгла – 33' 0:2 Жутгла – 45'
«Фенербахче» тавонист муқобили «Олимпиакос» бо ҳисоби 1:0 (ҳисоби умумӣ 3:3) зафар ёбад, вале дар силсилазарбаҳои пеналтӣ «Олимпиакос» зӯртар баромад (2:3).
Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ
Фенербахче (Туркия) 1 : 02 : 3 Олимпиакос (Юнон)
1:0 Кахвеҷи – 11'
Корти сурх: Нтои – 120+4'
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои нахусти марҳилаи ниманиҳоӣ рӯзи 2-юми май доир шуда, бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 9-уми май баргузор мешаванд.