Рӯйхати футболбозоне маълум гардид, ба унвони беҳтарин бозигари ҷавони соли 2024 тибқи фарзияи Globe Soccer Awards пешбарӣ шудаанд.
Номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари ҷавони соли 2024 инҳоянд: Ҷуд Беллингем, Эдуарду Камавинга, Эван Фергюсон, Пау Кубарси, Рико Люис, Фермин Лопес, Кобби Майну, Ҷамол Мусиала, Коул Палмер, Жоау Невеш, Хави Симонс, Матис Тел, Флориан Вирс, Ламин Ямал, Уоррен Заир-Эмери.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Globe Soccer Awards аз ҷониби Ассосиатсияи аврупоии бошгоҳҳо ва агентҳо ташкил карда мешавад. Одатан он дар рӯзҳои ахири моҳи декабри соли ҳар сол дар шаҳри Дубай гузаронида мешавад. Беҳтарин бозигари ҷавони соли 2023 нимҳимоягари «Реал» Ҷуд Беллингем интихоб шуда буд.