LIVE

Довталабони ҷоизаи Globe Soccer Awards муайян шуданд

Номзадҳои ҷоизаи Globe Soccer Awards, ки дар охири сол ба арзишмандтарин футболбоз тақдим мешавад, маълум шуданд.

Номзадҳо: Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»), Килиан Мбаппе, Лионел Месси (ҳарду  ПСЖ), Карим Бензема («Реал Мадрид»), Роберт Левандовски («Бавария») ва Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»).

Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 27 декабр дар Дубай баргузор мешавад.

Қаблан ин ҷоизаро  футболбозони мазкур соҳиб шуда буданд: Роналду (6 бор), Радамел Фалкао, Франк Рибери, Месси (як бор). Тибқи баъзе гузоришҳо, муассиси ҷоизаи Globe Soccer Awards агенти Роналду Хорхе Мендес мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив