LIVE

Рангник оиди рафтори Роналду дар “МЮ” сухан кард

Ҳамлагари собиқи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду, ки ҳоло дар тими “Ал-Наср”-и Арабистони  Саудӣ бозӣ мекунад, қоидаҳои бозӣ дар бошгоҳи шаҳри Манчестерро зери роҳнамонии  сармураббии собиқи тим  Ралф Рангник  чунин гуфтааст. Дар ин бора  Bild хабар медиҳад. 
Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари португалӣ ба Рангник гуфтааст, ки аз панҷ бозӣ бояд дар чаҳортоаш бозӣ кунад. Ҳамзамон, Роналду ба мутахассиси австриягӣ иҷозат дод, ки дар кадом вохӯрӣ иштирок накунад. Ҳамлагари собиқи «Манчестер Юнайтед» инчунин таъкид кардааст то дар бозиҳое, ки дар он ҷо бозӣ намекунад, дар курсӣ наменишинад, зеро ӯ дар хона мондан ва бозиро аз телевизион тамошо карданро афзалтар   медонад.
Ёдовар мешавем, ки Роналду тобистони соли 2021 ба «Манчестер Юнайтед» баргашт ва то тирамоҳи соли 2022 дар ҳайати «Девҳои сурх» бозӣ кард. Рангник аз моҳи декабри соли 2021 то тобистони соли 2022 сармураббии «Манчестер Юнайтед» буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив