LIVE

Роналду аз омаданаш ба "МЮ" пушаймон аст

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду аз бозгашташ ба сафи "девҳои сурх" хеле андуҳгин аст. Португалӣ бо агенти худ Жорже Мендеш дар бораи дастаи нав гуфтушунид дорад. Ба гуфтаи Daily Star, дар тасмими Роналду номзадии сармураббии наве, ки раҳбарияти “Манчестер Юнайтед” интихоб кардааст, нақши муҳим хоҳад дошт.

Роналду ният дорад, ки дар ояндаи наздик бо агенти худ музокира кунад, то дар охири мавсим чанд варианти идомаи касбашро дошта бошад. Криштиану кӯшиш кард, ки бо мураббии муваққатии «Манчестер Юнайтед» Ралф Рангник муносибати хуб пайдо кунад, аммо ҷанбаи равонӣ ба шакли бозии португалӣ ба таври назаррас таъсир расонд.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду антирекорди  худро такрор кард - ӯ панҷ бозӣ пайиҳам гол намезанад, ки ин такрори бадтарин серияи бидуни голи ӯ аз соли 2010 аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив