LIVE

Роналду бобати Рангник: "Ӯ ҳатто мураббӣ нест"

Ҳамлагари дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду собиқ сармураббии даста Ралф Рангникро танқид кард.

"Рангник ҳатто мураббӣ ҳам нест, чӣ хел ӯ роҳбарии «Манчестер Юнайтед»-ро ба уҳда мегирифтааст?! Ман ҳатто ҳеҷ гоҳ дар бораи ӯ нашунидаам",-гуфт Роналду.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни мавсими 2021/2022 Рангник муваққатан ба ҳайси сармураббии “Манчестер Юнайтед” адои вазифа кард. Тахмин мешуд, ки баъд аз ин ӯ мушовири клуб мешавад, аммо дар ниҳоят ин хел нашуд. «Манчестер Юнайтед» таҳти роҳбарии Рангник дар тамоми мусобиқаҳо 29 бозӣ анҷом дода, 11 ғалаба, 9 мусовӣ ва 9 мағлубият кардааст.

Моҳи июни соли 2022 Рангник бозии аввалини худро ҳамчун сармураббии тими миллии Австрия анҷом дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив