LIVE

«МЮ» ҳафтаи оянда сармураббии нави худро эълон мекунад

Фабритсио Романо хабар додааст, ки сармураббии «Аякс» Эрик тен Хаг метавонад ҳафтаи оянда ҳамчун менеҷери нави «Манчестер Юнайтед» расман муаррифӣ шавад. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо мехоҳанд, ҳарчӣ зудтар мутахассисро расман муаррифӣ кунанд. Ралф Рангник сармураббии муваққатии «Манчестер Юнайтед» мебошад. Рангник, ки 63 сол дорад, 3 декабри соли 2021 сарварии ин тимро бар ӯҳда гирифт. Дар охири мавсим ӯ дар дигар сохтори «Манчестер Юнайтед» корро идома медищад.
«Манчестер Юнайтед» феълан баъди 31 бозӣ бо 51 имтиёз дар ҷадвали Премйер Лига зинаи 7-умро ишғол мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив