LIVE

"Челси" дар талоши харидории "Месси"-и нав аз Амрикои Лотинӣ

Дар қисмати ғарбии Лондон гапу кор боз ҳам сари харидориҳо мераванд. Ин навбат “Челси”-и Лондон 40+20 млн евро аз барои Эстевани 16-сола доданӣ аст, вале дастааш  “Палмейрас” бошад мехоҳад 60 млнро ба якборагӣ шомили хазина кунад.
Ба қавли нашрияи   Sport Witness бо такя ба маълумоти   журналисти бразилӣ Жорже Николу, намояндаи   Премер-лигаи Англия аз барои Эстеван, ки ҳамчуни бо лақаби Мессинйо машҳур аст, 40 миллион евро ҷамъи 20 млн евро дар шакли иловапулиҳо пешниҳод кардааст ва эҳтимолан инҷо гап сари “Челси” меравад.   Аз ҷониби дигар 60 миллион нархнома дар шартнмоаи бозигари “Палмейрас” буда, ин даста ин қадар пулро ба якборагӣ гирифтан мехоҳад. Нисбати Эстеван ҳамчунин дастаҳое ба мисоли “ПСЖ”, “МЮ”, “Мансити” ва “Барселона” ва ду тими ПЛА мароқ зоҳир кардаанд.  Дар сафи тими аввалияи “Палмейрас” ин бозигари канории 16-сола 8 бозӣ гухзаронида,  1 голу 1 паси голӣ ба омор гирифтааст. Дар дастаи U20 бошад  омори (6+3)  дар масири 19 бозӣ дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив