Нимҳимоягари такягоҳии «Эвертон» Амаду Онана метавонад дар равзанаи зимистонаи трансферӣ ҷои кори беҳтаре ёбад. Дар хизматрасониҳои белгиявии 22-сола «Арсенал»-и Лондон иштиёқманд аст, мерасонад Football Insider.
Тибқи иттилоъи сарчашма, «Эвертон» мехоҳад аз фурӯши бозигари ҷавони хеш 70 млн евро ба даст орад. Нисбати Онана шахсан сармураббии «Арсенал» Микел Артета мароқ зоҳир намуда, ҳамзамон ситоди мураббиёни «Эвертон» хоҳони ҷавоб додани бозигар дар миёнамавсим намебошад.
Мавсими ҷории Премер-лигаи Англия Амаду Онанаи 22-сола 16 бозиву як гол дар омор дорад. Ҳамчунин дар ҳисоби нимҳимоягар чор бозӣ, як гол ва як партофти голӣ дар Ҷоми лигаи Англия ва Ҷоми Англия мебошад.