LIVE

«Вест Хэм» аввалин пешниҳоди «Арсенал»-ро дар мавриди ситораи асосияш рад кард

«Вест Хэм» нахустин пешниҳоди расмии «Арсенал»  оиди трансфери Деклан  Райсро рад намуд, иттилоъ медиҳад The Guardian. «Канонирҳо» ба «Вест Хэм» қариб € 94 млн евро пешниҳод кардаанд. «Арсенал» умед бар он дошт,ки масрафиёти трансфериро ба фурсатҳои тӯлонӣ қисмат намуда, ҳамчунин қисман ба иловапулиҳо такя намояд,вале  ҷониби фурӯшанда розӣ нашудааст. Эҳтимолан тими харидор шартҳои пешниҳодашро беҳтар месозад. 
Айни ҳол «Вест Хэм» пешниҳод аз ҷониби номзади дигари пулдор нисбати нимҳимоягар — «Манчестер Сити» интизор аст. «Болғакӯбон» мехоҳанд аз фурӯши бозигари хеш  117 млн евро ба даст оранд. «Сити» то ҳол имкониятҳои амаликунии ин гузаришро баррасӣ менамояд, вале ба мисоли тими Артета дар ин самт  фаъол нест.
Дар мавсими-2022/2023-и Премер-лигаи Англия Деклан Райс дар 37 бозӣ иштирок намуда, бо чор голу ду партофти голӣ аз  майдон берун шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив