LIVE

Чор дастаи беҳтарини Лигаи Аврупо муайян шуданд

Рӯзи панҷшанбе, 18-уми апрел бозиҳои ҷавобии марҳилаи   1/4 ниҳоии Лигаи Аврупо доир шуданд, ки тибқи натиҷагирии онҳо ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоии мусобиқа муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, дар даври 1/2 ниҳоии мавсими ҷории Лигаи Аврупо «Рома» ва «Аталанта» аз Италия, «Байер»-и олмонӣ ва «Бенфика»-и португалӣ баромад мекунанд.
Ҷуфтҳои даври 1/2 ниҳоии Лигаи Аврупо:
«Аталанта» — «Марсел»
«Рома» — «Байер»
Бозиҳои аввали даври 1/2 финали   Лигаи Аврупо рӯзи 2-юми май доир шуда, бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 9-уми май мегузаранд. Финали Лигаи Аврупо бошад рӯзи   22-юми май дар шаҳри Дублини Ирландия дар варзишгоҳи «Авива» баргузор мегардад.
Ғолиби феълии Лигаи Аврупои  УЕФА «Севиля»-и испанӣ мебошад, ки дар финали сабқати мавсими қаблӣ тими римии «Рома»-ро (1:1 — вақти асосӣ ва иловагӣ, 4:1 — силсилазарбаҳои пеналтӣ) шикаст дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив