LIVE

Коман аз "Бавария"-и Мюнхен рафтанист

Ба қавли расонаҳо Кингсли Коман  варианти рафтан аз  “Бавария”-ро баррасӣ мекунад. Қаҳрамони Олмон, Фаронса ва Италия ҳам ба мисоли Мусиала мехоҳад ба ПЛА ё Ла Лига равад.  Шартномаи ин бозигари 27-солаи мюнхениҳо бо “Бавария” то соли 2027 мӯҳлат дошта, ба қавли нашрияи   Bild Коман зид нест, ки фурсатҳои наздик чемпионаташро иваз кунад.  Имкониятҳои муҳоҷирати корӣ ба Англия ё Испания ба таври рӯшан мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Қайд карда мешавад бозигаре, ки қаҳрамони ҳашткаратаи Олмонва ду маротиб ғолиби чемпионати Фаронса дар сафи “ПСЖ” ва ду маротиб қаҳрамони Италия дар сафи  “Ювентус”   боз мехоҳад дар сафи ягон даста аз Англия ё Испания чемпион шавад.  Мавсими ҷорӣ Коман дар Бундеслига  16 бозӣ гузаронида, бо се голу се партофти голӣ аз майдон канор рафтааст. Дастаҳои эҳтимолии харидори Коман бошанд “Ливерпул”, “Барселона” ва “Пари Сен-Жермен” мебошанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив