LIVE

Ҷамол Мусиала ба сафи қаҳрамонони Англия мепайвандад

“Манчестер Сити” он аст, ки ин даста мехоҳад бозигари “Бавария” Ҷамол Мусиаларо ба даст орад. Ба гуфти расонаҳо “Ман Сити” дар рақобат бо  “Барса”, “Ливерпул” ва “ПСЖ” аз барои Мусиала пешсаф аст. Дар ин бора  нашрияи муътамади Independent менависад.
Ба қавли  Independent “Манчестер Сити” ин тобистон сахт баҳри харидории Ҷамол Мусиала талош ба харҷ дода,     бо вуҷуди чанд омилҳо метавонад Ҷамол шогирди Пеп шавад. Аслан шартномаи Мусиала бо тими олмонӣ то соли 2026 мӯҳлат дорад, вале бозигар мехоҳад аз гранди олмонӣ дар роҳи дастрасии кафолати бунёди лоиҳаи нави варзишӣ ба даст орад. Дар пасманзари натиҷаҳои на чандон хуби мюнхениҳо  бозигари 21-сола метавонад аз Олмон ба чемпионати дигар равад. Дастаҳои дигар ҳам бо истифода аз чунин фазои номусоиди атрофи Мусиала дар пайи харидории ӯ мебошанд.
Ба гуфти сарчашма шаҳриён мавсими оянда бо бозигарони нав сафи хешро пурқувват менамоянд. Бо вуҷуди бузург шудани синну соли Кевин  де Брюйне   Фил Фоден нақши бештар мегирад. Вале анҷом доданитрансфери Мусиала талаб мекунад, ки ягон фурӯшкории бузург анҷом дода шавад. Ҳамчунин “Сити” варианти гузариши   Лукас Пакета аз “Вест Хэм” ва  Майкл  Олисе  аз “Кристал Пэлас”-ро баррасӣ мекунад.
Қайд карда мешавад, ки  Мусиала худ хоҳишманди гузариш баПремер-лига вобаста ба нуфузи олии он дар ҷаҳон аст, зер ӯ худ дар қисмати ғарбии  Лондон бузург шудааст. Ин нимҳимоягар ба Олмон танҳо дар синни 17-сола кӯчида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив