LIVE

Де Брюйне беҳтарин плеймейкери соли 2023 дониста шуд

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рейтинги плеймейкерҳои соли 2023-ро нашр кард.
Дар ин раддабандӣ нимҳимоятгари “Манчестер Сити” - Кевин де Брюйне мақоми аввалро касб кард. Ӯ бори сеюм дар ин категория ғолиб омад (қаблан дар солҳои 2020 ва 2021).
Лионел Месси (“ПСЖ” / “Интер Майами”) ҷои дуюм ва Бернарду Силва («Манчестер Сити») ҷои сеюмро гирифтанд.
Инчунин дар даҳгонаи беҳтарин Ҷуд Беллингем (“Боруссия”-и Дортмунд” / “Реал Мадрид”), Мартин Эдегор (“Арсенал”), Ҷамол Мусиала (“Бавария”), Тони Кроос (“Реал Мадрид”), Педри (“Барселона”), Федерико Валверде (“Реал Мадрид”) ва Бруно Фернандеш (“Манчестер Юнайтед”) буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив