LIVE

Месси, Ҳолланд ё де Брюйне кӣ соҳиби «Тӯби тиллоӣ» мешавад?

Маҷаллаи машҳури France Football дар шабакаҳои иҷтимоъии худ феҳристи 30 бозигареро, ки муддаии барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" ба беҳтарин футболбози ҷаҳон дар поёни мавсим эълон шудааст, номбар кардааст.
Ногуфта намонад, ки бори аввал дар 19 соли охир Криштиану Роналду ба рӯйхати 30 муддаии ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" шомил нашудааст. 
Дарвозабонҳо: Андре Онана («Интер»/«Манчестер Юнайтед»), Эмилиано Мартинес («Астон Вилла»), Ёсин Буну («Ал‑Ҳилол»)
Ҳимоятгарон: Йошко Гвардиол, Рубен Диаш (ҳарду — «Манчестер Сити»), Ким Мин‑Чжэ («Наполи»/«Бавария»).
Нимҳимоятгарон: Кевин де Брюйне, Родри, Бернарду Силва (ҳарду — «Манчестер Сити»), Илкай Гюндоган («Манчестер Сити»/«Барселона»), Ҷуд Беллингем («Боруссия Д»/«Реал»), Хвича Кваратсхелия («Наполи»), Николо Барелла («Интер»), Мартин Эдегор («Арсенал»), Лука Модрич («Реал»).
Ҳамлаварон: Лионел Месси («ПСЖ»/«Интер Майами»), Виктор Осимхен («Наполи»), Хулиан Алварес, Эрлинг Ҳоланд (ҳарду — «Манчестер Сити»), Роберт Левандовский («Барселона»), Килиан Мбаппе, Рандал Коло‑Муани (ҳарду — «ПСЖ»), Карим Бензема («Реал»/«Ал‑Иттиҳод»), Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»), Ҷамол Мусиала («Бавария»), Букайо Сака («Арсенал»), Винисиус Жуниор («Реал»), Лаутаро Мартинес («Интер), Антуан Гризманн («Атлетико»), Харри Кейн («Тоттенхэм»/«Бавария»).
Ногуфта намонад, ки соли гузашта ин ҷоизаи пурарзишро форварди фаронсавии дастаи “Реал” Карим Бензема, ки ҳоло ба дастаи «Ал‑Иттиҳод», -и Арабистони Саудӣ гузариш намудааст ба даст овард. 
Маросими ҷоизасупории ҷоизаи мазкур 30-юми октябр дар шаҳри Париж баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив