LIVE

Табрикоти Юлиан Нагелсман ба шарофати пирӯзии "Байер" дар Бундеслига

Сармураббии мунтахаби Олмон Юлиан Нагелсман қаҳрамонии бармаҳали «Байер»-ро дар Бундеслигаи Олмон шарҳ дод. Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи леверкузенӣ дар доираи бозии даври 29-ум соҳиби пирӯзии бузург зидди «Вердер» (5:0) шуда, панҷ давр пеш аз анҷоми мусобиқа зинаи аввалро дар ҷадвали чемпионати кишвар барояш кафолат дод. Ҷоизаи қаҳрамонӣ барои шогирдони  Хаби Алонсо нахустин дар таърихи 119-солагии даста гардид.
«Ин даста, ситоди мураббиёни он ва дар умум бошгоҳро бо нахустин ҷоизаи қаҳрамонӣ дар таърих табрик мекунам.  «Байер»-и Леверкузен ин мавсим беҳтарин буд ва ба таври пурра ин ҷоизаро арзанда ба даст овард.  Ба таври рушан самараи кори   Хаби Алонсо маълум аст: бозигарон муттаҳид шуданд, аз ҷиҳати тактикӣ бонтизом, аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавитар ва   дар бозиҳо  бо иродаи қавӣ баромад мекарданд.  
Он чизе, ин даста анҷом дода, бояд собитгари он аст, ки ба ҳам овардани маҳорат ва ҷанбаи равонӣ чӣ қадар муҳим аст. Махсусан аз оне хурсандам, ки бозигарони мунтахаб дар ин комёбӣ нақши бузург бозиданд. Ин комёбӣ бидуни шакк бояд, ки онҳоро дар Евро-2024 ин тобистон илҳом бубахшад. Ҳамаи ин бояд барои мунтахаби мо манфиатбахш бошад», — мерасонад аз суханони Нагелсман сомонаи расмии Иттиҳоди футболи Олмон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив