LIVE

Аввалин имтиёҳони бузург барои Хаби Алонсо

Шоми имрӯз дар варзишгоҳи “Бей Арена” бозии аввали даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо миёни “Байер” ва “Монако” баргузор мешавад. 
Барои мураббии навкори дастаи  “Байер” - Хаби Алонсо  ин аввалин мусобиқаи аврупоӣ мебошад. “Байер” дар Бундеслига бозиҳои устуворона надорад. Дар се вохӯрии охир ду маротиба шикаст хӯрдааст ва мақоми 8-умро ишғол менамояд.
 
“Монако” баъд аз ғалаба бар пешсафи Лигаи якуми Фаронса – ПСЖ, бо як руҳияи болида ба Олмон сафар кардааст. Шогирдони Филипп Клеман дар 8 бозии охири чемпионати Фаронса шикаст нахӯрдаанд. 
Ҳарду даста дар баробари хати ҳҷуми хуб, ҳамзамон қисмати муҳофизати зайф доранд. Ин гувоҳи он аст, ки бозӣ бидуни гол ба анҷом намерасад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив