LIVE

Натиҷаи қуръакашии Лигаи Аврупо

Имрӯз, 13 декабр дар шаҳри Нйон (Швейтсария) қуръакашии бозиҳои гузаришии Лигаи Аврупо-2021/2022 баргузор шуд

Дар натиҷаи қуръакашӣ ҷуфтҳои зерин муайян карда шуданд:

“Севиля” (Испания) – “Динамо Загреб” (Хорватия)
Аталанта (Италия) - Олимпиакос (Юнон)
«РБ Лейптсиг» (Олмон) - «Реал Сосйедад» (Испания)
«Барселона» (Испания) – «Наполи» (Италия)
«Зенит» (Русия) – «Бетис» (Испания)
«Боруссия Дортмунд» (Олмон) – «Рейнджерс» (Шотландия)
Шериф (Молдова) - Брага (Португалия)
"Порту" (Португалия) - "Латсио" (Италия)
Бозиҳои аввали гузаришӣ рӯзи 17 феврал ва бозиҳои ҷавобӣ як ҳафта баъд баргузор мешаванд.

Ғолибони бозиҳои гузаришӣ дар даври 1/8 финал бо ғолибони гурӯҳи Лигаи Аврупо ҳамроҳ мешаванд. Инҳо «Спартак» (Русия), «Лион» (Фаронса), «Монако» (Фаронса), «Айнтрахт» (Олмон), «Срвена Звезда» (Сербия), «Галатасарой» (Туркия), «Байер» (Олмон) ва «Вест Хэм» (Англия) мебошанд. Қуръакашии даври 1/8 финали Лигаи Аврупо барои мавсими 2021/2022 25 феврал баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив