LIVE

«Байер»-и Леверкузен 13-умин бошгоҳи ғолиб дар таърихи Бундеслига

Бозии даври 29-уми Бундеслига анҷом ёфт, ки дар он «Байер» ва «Вердер» ба ҳам омаданд. «Байер» бо ҳисоби бузурги 5:0. пирӯзӣ ба даст овард. Зердастони Хаби Алонсо пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Олмон гардиданд.
Олмон - Бундеслига . Даври 29-ум
14-уми апрели соли 2024, якшанбе. 20:30 ДШБ
Байер 5 : 0 Вердер
1:0 Бонифасе – 25'     2:0 Ҷака – 60'     3:0 Вирс – 68'     4:0 Вирс – 83'     5:0 Вирцс – 90'    
Ҳамин тариқ, бошгоҳи леверкузенӣ танҳо 13-умин даста дар таърихи ин мусобиқа гардид, ки ба гирифтани ҷоизаи қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Ғолибони чемпионат солҳои қаблӣ   «Боруссия»-и Дортмунд (5 пирӯзӣ), «Боруссия»-и Мёнхенгладбах (5), «Вердер» (4), «Гамбург» (3), «Штутгарт» (3) «Кёлн» (2), «Кайзерслаутерн» (2); якборӣ унвони қаҳрамонӣ дар ҳисоби  «Волфсбург», «Айнтрахт» аз Брауншвейг, «Нюрнберга» ва «Мюнхен-1860» мебошад. Дастаи рекордгузор аз рӯи ҳисоби ҷоизаҳо дар чемпионат «Бавария» бо 32 ҷоизаи қаҳрамонӣ мебошад.
Қобили қайд аст, ки  гап сари пирӯзиҳо дар Бундеслига меравад, ки соли 1963 таъсис дода шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив