LIVE

Эндрик ғолиби Лигаи Паулиста дар ҳайати «Палмейрас» гардид

Дастаи бразилии Эндрик дар бозии дуюми финалӣ «Сантос»-ро шикаст дод – 2:0. Бозии аввал бо ҳисоби 0:1 хотима ёфта буд.
Эндрик дар бозии мазкур пеналтӣ кор карда буд, ки он ҳам ба гол табдил дода шуд. Ӯ беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.  Ин ҳам панҷумин ҷоиза дар маснади варзишии бозигари бразилли 17-сола мебошад.
Ёдрас мекунем, ки  Э́ндрик Фели́пе Море́йра де Со́уза ҳамлавари бошгоҳи  «Палмейрас» ва мунтахаби  Бразилия буда, санаи  21-уми июли соли 2024 вақти расидан ба синни 18-солагӣ бозигари «Реал Мадрид» мешавад. Ӯро яке аз боистеъдодтарин бозигарони ҷавони дунё меноманд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив