LIVE

Роналдо гуфт, ки ғолиби Евро-2024 кадом даста мешавад

Собиқ ҳамлавари мунтахаби Бразилия ва «Реал»-и Мадрид Роналдо ғолиби чемпионати  Аврупо- 2024-ро пешгӯӣ намуд.
«Фикр мекунам, Испания», — гуфт Роналдо дар видеои YouTube-канали Mail Sport Football.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Евро-2024 дар кишвари Олмон  аз 14-уми июн то 14-уми июли соли 2024 доир мегардад. Бозиҳои мусобиқаро 10 варзишгоҳҳо дар 10 шаҳр қабул мекунанд. Ғолиби феълии чемпионати Аврупо мунтахаби Италия мебошад, ки бар мунтахаби Англия дар финали Евро-2020 дар варзишгоҳи «Уэмбли» зафар ёфт. Тақдири ин финал дар вақти силсилазарбаҳои пеналтӣ ҳал шуда буд.
Роналдо — қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, ғолиби дукаратаи Ҷоми Амрико, қаҳрамони дукаратаи Испания дар ҳайати «Реал»-и (Мадрид), дорандаи дукаратаи «Тӯби тиллоӣ» мебошад. Футболбоз соли 2011 хатми маснади варзишӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив