LIVE

Роналдо дуюмин дастаи футболи худро харидорӣ кард

Собиқ ҳамлагари бразилии дастаҳои “Реал” ва “Интер”, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Роналдо 90 дарсади саҳмияҳои тими «Крузейро»-и бразилиягиро харида, соҳиби даста шуд. Роналдо дар моҳи декабри соли гузашта саҳмияҳои клуберо харид, ки дар он ҷо фаъолияти худро оғоз кардааст. Ин созишнома ба собиқ футболбози маъруф тақрибан 70 миллион доллар арзиш пайдо кардааст. “Крузей”-ро дуюмин клуби футбол аст, ки моликаш Роналдо мебошад. 
Дастаи испании “Валладолид”-ро низ  ӯ сармоягузорӣ кардааст. Соли 1993, Роналдо ба аввалин клуби футболи касбии худ «Крузейро» ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ гузашт. Дар ин бошгоҳ аз моҳи июли соли 1993 то августи соли 1994 бозӣ намуда, 57 гол задааст. Роналду дар соли 1994 ба ПСВ-и Ҳолланд гузашт, ки дар он ҷо корномаҳои аврупоии ӯ оғоз ёфт.  Роналдо дорандаи “Тӯби тиллоӣ” буда, яке аз нобиғаҳои футбол эътироф шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив