LIVE

Роналдо: Ман дар истеъдоди Мбаппе бозии худро мебинам

Ҳамлагари собиқи тими “Реал Мадрид” ва Бразилия Роналдо дар бораи бозии - Килиан Мбаппе ибрози назар кард.
"Мбаппе дорои хислатҳои бузург аст - техника, суръат ва маҳорати голзанӣ. Агар муқоиса кунем? Бале, ман фикр мекунам, ки ӯ бозии маро хотиррасон мекунад”, - нақл мекунад Роналдо. 
Ҳамлагар аз соли 2011 дигар футбол бозӣ намекунад.  Вай дар дастаҳои «Крузейро», ПСВ, «Барселона», «Интер», «Реал», «Милан» ва «Коринтианс» бозӣ кардааст. Вай инчунин дар ҳайати тими миллии Бразилия ду маротиба қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Мбаппеи 23-сола, ки қарордодаш бо тими фаронсавӣ дар охири мавсим ба поён мерасад, дар тобистон бо «Реал Мадрид» шартнома бастан мехощад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив