LIVE

Роналдо: Соли 1997 аз "Барса" рафтан намехостам

Собиқ ҳамлавари мунтахаби  Бразилия - Роналдо гуфтааст, ки хоҳиши тарки  "Барселона"- ро дар соли 1997 надошт. 
"Дар охири мавсим қарордоди нав баста, ба ҳайати мунтахаби Бразилия рафтам. Баъди 5 рӯз ба ман занг зада, гуфтанд, ки ту дигар дар "Барса" бозӣ карда наметавонӣ. Вале ман хоҳиши рафтан надоштам. Агар клуб нисбати ман эҳтиром нагузошт, ман чӣ бояд мекардам?. Хулоса дар дасти ман набуд. Хоҳиш доштам дар он ҷо бимонам, аммо тақдири боқӣ монданро дигарон бароварданд”, гуфтааст Роналдо.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив