LIVE

Неймар: «Ман хона – ба «Барселона» баргаштан мехоҳам»

Ҳамлавари дастаи фаронсавии «ПСЖ» Неймар мехоҳад ба «Барселона» баргардад. Оиди хоҳиши худ, ин футболбози бразилӣ ба президенти бошгоҳи парижӣ, Носир Ал-Хулайфӣ хабар дода, ба чунин мазмун гуфтааст: «Ман дигар дар «ПСЖ» бозидан намехоҳам. Ман мехоҳам ба хонаи худам баргардам, он ҷое, ки набояд таркаш мекардам.»
Қаблан, хабарҳо оиди он ки роҳбарияти бошгоҳ дар сурати пешниҳоди мувофиқ омодаанд аз футболбози бразилӣ ҷудо шаванд, нашр шуда буд. Ба ҷуз ин, дар ин хабарҳо омада аст, ки сармураббии дастаи «ПСЖ» Томас Тухел аз мушкилоте, ки доимо бо Неймар дар ҳуҷраи либосивазкунӣ сар мезанад, изҳор дошта гуфтааст, фурӯши ӯро дар равзанаи гузариши трансферии тобистона зид нахоҳад буд. Президенти бошгоҳ, Носир Ал-Хулайфӣ ҳам дар мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт, ки «ҳеҷ кас Неймарро маҷбур накарда буд, ки қарордодро имзо кунад.»
Мувофиқи хабаргузории рӯзномаи «El-Mundo Deportivo», сарвони дастаи нилунориҳо Лионел Месси ҳам аз роҳбарияти бошгоҳ хоҳиш кардааст, ки  Неймарро ба даста дубора баргардонанд. Зеро ӯ дар ин ҷо аз соли 2013 то соли 2017 бозӣ карда буд. Рӯзномаи варзишии каталонии «El-Mundo Deportivo» имрӯз дар сархати саҳифаи аввали худ, оиди хоҳиши ба «Барселона» баргаштани Неймарро дарҷ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив