Имрӯз, 13-уми октябр бозиҳои даври 7-уми марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо — 2024 доир мешаванд. Ба диққати Шумо рӯйхати бозиҳои рӯзро пешниҳод мекунем:
21:00 дшб. Эстония — Озарбойҷон;
23:45 дшб. Австрия — Белгия;
23:45 дшб. Ирландия — Юнон;
23:45 дшб. Исландия — Люксембург;
23:45 дшб. Лихтенштейн — Босния ва Ҳерсеговина;
23:45 дшб. Нидерланд — Фаронса;
23:45 дшб. Португалия — Словакия.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи ниҳоии Евро-2024 дар Олмон доир мешавад. Бозиҳои мусобиқаро даҳ варзишгоҳи даҳ шаҳрҳо қабул мекунанд. Қаҳрамони феълии чемпионати Аврупо мунтахаби Италия мебошад, ки бар тими миллии Англия дар финали Евро-2020 дар варзишгоҳи «Уэмбли» зафар ёфта буд. Тақдири он бозии финалӣ дар силсилазарбаҳои пеналти ҳал шуда буд.