Дар кишварҳои Руминия ва Гурҷистон чемпионати Аврупо миёни мунтахабҳои ҷавонон идома дорад. Имрӯз, 2-юми июл бозиҳои охирини марҳилаи чорякниҳоӣ доир мешаванд.
2-юми июл. Чемпионати Аврупо миёни ҷавонон. Марҳилаи чорякниҳоӣ.
21:00. Англия U21 — Португалия U21
23:00. Фаронса U21 — Украина U21
Бозиҳо ба вақти шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Пештар аз ин ду бозии марҳилаи чорякниҳоӣ анҷом ёфтанд. Мунтахаби Исроил бар Гурҷистон зафар ёфт (0:0 дар вақти асосӣ, 4:3 дар силсилазарбаҳои пеналти) ва мунтахаби Испания тими ҷавонони Швейтсарияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Чемпионати Аврупо миёни ҷавонон рӯзи 21-уми июн оғоз ёфта, бозии ҳалкунанда рӯзи 8-уми июл дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор мегардад. Се дастаи беҳтарини чемпионати ҷавонони Евро ба Бозиҳои олимпии соли 2024 роҳхат мегиранд. Қаҳрамони феълии қитъаи Аврупо — мунтахаби Олмон мебошад, ки соли 2021 ба пирӯзӣ расида буд.