LIVE

Фестивали кӯдаконаи футбол бахшида ба Иди Наврӯз дар Душанбе

Таҳти сарпарастии Ассосиасияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Академияи «Ювентус»-и шаҳри Душанбе дирӯз, 28-уми март  фестивали кӯдаконаи футбол бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир шуд.
Дар ин ҷашни футболӣ 200 кӯдаки аз синни 6 то 12-сола ширкат варзиданд.
Баъди кушодашавии фестивал кӯдакон тамринҳои динамикии футболӣ таҳти мусиқӣ гузарониданд. Сипас ҳамаи иштирокчиён   таҳти роҳбарии мураббиёни хеш ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, дар майдончаҳои қисматшуда ба гузаронидани   эстафета ва футболбозӣ машғул шуданд.
Ҳадафи баргузории фестивали футболи Иди Наврӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол мебошад.
Баъди анҷоми фестивал ба кӯдакон тӯбҳои футболӣ тақдим карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив