LIVE

Фестивали футбол дар Истаравшану Ҷаббор Расулов доир шуд

Дар доираи  барномаи FIFA Women’s Football Campaign ФФТ дар шаҳри Истаравшан фестивали футбол миёни духтарони то 12 сола баргузор шуд. Ҳадафи лоиҳа таблиғи футболи занона ва оммавияти футбол миёни бонувон мебошад. Фестивал аз бозиҳои шавқоваре, ки  элментҳои техникии футболро дар бар мегирифт, иборат буд. Дар ҳар гӯшаи варзишгоҳ   кӯдакон машқҳои гуногуни ҷисмонӣ карда, дар  эстафетаҳо ширкат намуда, якҷоя футбол бозӣ намуданд. Ин рӯз барои иштирокчиён   ҳамчун  ҷашни футбол сипарӣ шуд. Духтарон аз ширкаташон  як ҷаҳон тасаввуроти нав касб краданд. 
      Фестивали мазкур дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам баргузор карда шуд. Дастаҷамъ дар ин  ҳамоишҳо 300 нафар духтарони футболдӯст иштирок намуданд. Пас аз анҷоми  ҳамоиш ба ширкаткунандагон сару либоси варзишӣ ва тӯб тақдим гардид.  Ёдовар мешавем, ки қаблан дар доираи  барномаи FIFA Women’s Football Campaign дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ва шаҳри Бохтар ҳам ин фестивал баргузор шуда буд. Ҳамагӣ  дар  қаламравӣ   мамлкат  12 фестивали футбол миёни  духтарон ташкил карда мешавад, ки шумораи зиёди кӯдакону наврасонро фаро мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив