LIVE

Дар ноҳияи Данғара фестивали футбол ташкил карда шуд

Дар чаҳорчӯби барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон таҳти унвони FIFA Women’s Football Campaign  ҳашт фестивал ва чаҳор мусобиқа барои духтарон ташкил карда мешавад.

Фестивали ифтитоҳӣ як рӯз пеш дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 100 нафар духтарони аз 6 то 12-сола ширкат карданд. Ҳадафи  чорабинии варзишии FIFA Women’s Football Campaign   тарғиби футболи занона дар Тоҷикистон, тағйир додани тасаввуроти футболи духтарона дар кишвар ва ҷалби онҳо  ба футболбозӣ  мебошад.

Фестивал дар шакли бозиҳои шавқовар баргузор гардид. Дар фарҷом ба иштирокчиён тӯб ва пироҳанҳои футболӣ тақдим карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив